Дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар соли 2025, UNHCR дар Осиёи Марказӣ “Роҳнамои терминологияи UNHCR дар Осиёи Марказӣ”-ро бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, узбекӣ, англисӣ ва русӣ нашр мекунад, то ин ки гуногунрангии забонҳоро пешбарӣ кунад ва иртиботи дақиқ дар масъалаҳои гурезаҳо ва бешаҳрвандиро бо забонҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ намояд.
English | Русский | Қазақ | Кыргыз | Türkmen | O’zbek
21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ – рӯзе барои эҳтиром аз гуногунии забонҳо ва таблиғи аҳамияти забонҳои модарӣ таҷлил мешавад. Забон беш аз як воситаи муошират аст; он пайвандгар барои ҷомеа, робита ва имконият аст.
Ҳамгироии маҳаллӣ яке аз афзалияти калидӣ барои UNHCR, Оҷонсии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар ин ҷо ҷомеаи маҳаллӣ беш аз 22 000 гурезагонро саховатмандона қабул мекунанд. Бисёре аз гурезагон солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо дар минтақа буда, бо забонҳои маҳаллӣ ҳарф мезананд ва робитаҳои мустаҳкам бо оилаҳо ва ҷомеа барқарор кардаанд. Забон дар ҳамгироӣ нақши асосиро мебозад ва ба гурезагон ва паноҳҷӯён имкон медиҳад, ки дар муоширати ҳамарӯза иштирок кунанд, ба хидматрасонӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва муносибатҳои самаранокбарқарор намоянд ва инчунин ба рушди устувори кишварҳое, ки онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, саҳм гузоранд.
UNHCR бо Ҳукуматҳо ва шарикон дар саросари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекунад, аз ҷумла бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Донишгоҳи Назарбоев дар Қазоқистон; Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон; ва ТҶ “Кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебпазир” дар Тоҷикистон – барои гурезагон курсҳои ройгони забономӯзӣ пешниҳод менамоянд, ки он барои таҳкими эътимоднокии онҳо ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳамгироии маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Барои дастгирии гуногунии забонҳо ва баланд бардоштани муоширати дақиқ оид ба масъалаҳои гурезаҳо ва бешаҳрвандӣ дар минтақа, дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, дар соли 2025 UNHCR “Роҳнамои терминологияи UNHCR дар Осиёи Марказӣ”-ро бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, узбекӣ, англисӣ ва русӣ нашр кард.
Share on Facebook Share on Twitter