Душанбе, Тоҷикистон — Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Раёсати комиссари олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) мактуби нави тафоҳумро (LoU) ба имзо расониданд, то ин ки талошҳои худро барои беҳтар кардани ҳаёти кӯдакон ва занони паноҳанда ва бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон васеъ намоянд.
Шарикии мазкур ба ҳарду созмон имконият медиҳад, ки барои таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои ҳазорон кӯдакон ва оилаҳо якҷоя фаъолият намоянд. Таваҷҷуҳи якҷояи ба масъалаҳои мисли бақайдгирии таваллуд ва тавонмандсозии ҷавонон барои эҷоди ояндаи боз ҳам бехатар ва фарогир барои ҳамаи паноҳандагон ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Шарикии мазкур ба панҷ самти асосии ҳамкорӣ нигаронида шудааст:
Аз соли 1996 инҷониб ЮНИСЕФ ва UNHCR дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои дастгирии паноҳандагон ва шахсони беҷошуда ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамкорӣ байни созмонҳо барои қонеъ гардонидани ниёзҳои кӯдакон ва оилаҳои беҷошуда ва таъмини риояи ҳуқуқи кӯдакон дар ҳалотҳои башардӯстона нигаронида шудааст.
«Ин ҳамкории таҷдидшудаи байни ЮНИСЕФ ва UNHCR уҳдадориҳои умумии моро доир ба ҳифзи аҳолии аз ҳама осебпазир, яъне кӯдакон ва занони паноҳанда ва бешаҳрвандӣ тақвият мебахшад. Якҷоя мо натанҳо эҳтиёҷоти фаврии онҳоро қонеъ мегардонем, инчунин барои ояндаи онҳо асос мегузорем. Ояндае, ки дар он ҳар як кӯдак новобаста аз шароит имкон дорад, ки ҳаёти амн ва шоистаро ба сар барад», — тазаккур дод Иван Салейеу, Сардори дафтари Коммисари олии СММ оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон.
«Ҳамкорӣ байни ЮНИСЕФ ва UNHCR дар доираи Мактуби тафоҳуми (LoU) қаблӣ имконият дод, ки бештар аз 10,000 ҳазор кӯдаке, ки волидони муҳоҷир танҳо гузоштаанд, бо ҳуҷҷати зурурии тасдиқкунандаи шахсият таъмин карда шаванд. Ин дастоварди назаррас аҳамияти бузурги талошҳои муштараки моро дар ҷоддаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон таъкид менамояд. Махсусан, ҳуқуқи онҳо ба бақайдигирӣ, ки тибқи Конвенсияи ҳуқуи кӯдаки СММ мебошад», — гуфт Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ да Тоҷикистон, ҳангоми маросими имрӯзаи ба имзо расонидани мактуб дар шаҳри Душанбе.
Ин мактуби тафоҳуми таҷдидшуда нишонаи ҳамкории дарозмуддат ва уҳдадриҳои муштарак барои ҳифзи кӯдакон ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон ва занони паноҳанда ва бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти якҷояи ду созмон барои эҷоди ояндаи боз ҳам фарогир ва мусоид барои ҳамагон нигаронида шудааст.
Дар миёнаи соли 2024 дар Тоҷикистон 10,381 гуреза ва паноҳанда ва 3629 шахси бешаҳрвандӣ ба сар мебарад. Аксари шахсони бешаҳрвандӣ ин собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ё фарзандони онҳо мебошанд, ки ҳоло шаҳрвандиро дар кишварҳои мустақил тасдиқ накардаанд. Бидуни шаҳрвандӣ, одамон дучори мушкилӣ дар дастрасӣ ба ҳуқуқ ва хизматрасониҳои бунёдӣ мегарданд, аз ҷумла таҳсил, тандурустӣ ва пайдо кардани шуғл.
*****
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан ба шахсони зерин муроҷиат намоед:
Share on Facebook Share on Twitter