Бешаҳрвандӣ ба миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон таъсир оварда, ҳаёт ва имкониятҳои онҳоро маҳдуд меcозад. Дар ин ҷо шумо маълумот оид ба чӣ тавр рӯй додани бешаҳрвандӣ ва роҳҳои ҳалли ин масъала пайдо мекунед.
Тибқи Конвенсияи СММ дар бораи мақоми шахсони бешаҳрванд дар соли 1954, шахси бешаҳрванд шахсе мебошад, ки «аз ҷониби ҳеҷ як давлат тибқи қонун шаҳрванди кишвар ҳисобида намешавад».
Одамон бо сабабҳои аз онҳо вобаста набуда бешаҳрванд мешаванд, ки ин онҳоро бе шахсияти расмӣ мегузорад. Ҳамин тариқ, ин шахсон канора гузошта шуда аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ маҳруманд. Охири соли 2023 UNHCR гузориш дод, ки 4,4 миллион нафар дар ҷаҳон шахсони бешаҳрванд ё дорои шаҳрвандии номуайян мебошанд.
То моҳи январи соли 2024 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон беш аз 38 000 нафар шахсони бешаҳрванд ва ё дорои шаҳрвандии номуайян маълум буданд. Шумораи воқеии онҳо бештар аст, чунки раванди ошкор кардани ҳолатҳои нави бешаҳрвандӣ идома дорад.
Як фард метавонад бо сабабҳои гуногун, аз қабили табъизи мансубият ба гурӯҳи муайяни этникӣ, мазҳабӣ ё дигар гурӯҳҳои ақаллият бешаҳрванд гардад. Дарвоқеъ, аксарияти шахсони бешаҳрванд дар ҷаҳон ба гурӯҳҳои ақаллият тааллуқ доранд.
Табъизи гендерӣ омили дигари муҳими бешаҳрвандӣ аст, чунки дар 24 кишвари ҷаҳон модар тибқи қонун наметавонанд мисли падар ба фарзандони худ шаҳрвандии худро диҳад.
Бешаҳрвандӣ инчунин метавонад натиҷаи мавҷудияти камбудиҳо дар қонунгузории шаҳрвандӣ бошад, ки кафолати бешаҳрванд намондани ягонкасро намедиҳад. Сабаб инчунин метавонад монеаҳои бюрократӣ бошад, ки гирифтани шаҳрвандӣ ё тасдиқи шаҳрвандӣ ё сабти таваллудро душвор ё ғайриимкон мегардонад. «Ворисияти давлат» пайдоиши як кишвари нав ё пошхӯрии кишвари кӯҳна мебошад, ки боиси хатари бешаҳрвандии шумораи зиёди одамон мегардад. Масалан, аксарияти шахсони бешаҳрванд дар Осиёи Марказӣ шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ё авлоди онҳо мебошанд, ки то ҳол шаҳрвандиро дар давлатҳои тозаистиқлол нагирифтаанд ва ё тасдиқ накардаанд.
Табъиз ё таъқиб инчунин метавонад касеро маҷбур созад, ки гурезад, гуреза ё шахси маҷбуран кӯчонидашудаи бешаҳрванд шавад, аммо бояд қайд кард, ки аксари шахсони бешаҳрванд ҳеҷ гоҳ ватани худро тарк накардаанд.
Шахсони бешаҳрванд метавонанд дар дастрасӣ ба ҳуқуқҳо ва хидматҳои асосӣ, аз қабили таҳсилот ё тандурустӣ, инчунин қобилияти издивоҷ, овоздиҳӣ, кушодани суратҳисоби бонкӣ, ба даст овардани кори расмӣ, соҳибияти молу мулк ё сафарҳои озод бо мушкилот рӯбарӯ шаванд.
Бешаҳрвандӣ одамонро аз ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ маҳрум намуда, ҷудоиҳоро амиқтар мекунад ва нобаробариро афзоиш медиҳад.
Истисно ва бегонашавӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи бешаҳрвандӣ ҳастанд, низ таъсири ҷиддии эмотсионалӣ ва равонӣ дошта: ҳисси умедҳои барбод, орзуҳои шикаста, имкониятҳои маҳдуд ва надоштани мансубиятро ба вуҷуд меоранд.
Аз замони таъсисёбиаш дар соли 1950, UNHCR, дафтари СММ оид ба гурезаҳо, ба гурезаҳои бешаҳрванд кӯмак мерасонад, аммо кори дафтар барои ҳалли мушкилоти васеътари бешаҳрвандӣ аз он замон инчониб ба таври назаррас густариш ёфт.
Ду шартномаи асосии байналмилалӣ, Конвенсияи соли 1954 оид ба вазъи шахсони бешаҳрванд ва Конвенсияи соли 1961 оид ба коҳиш додани бешаҳрвандӣ, асоси заминаи ҳуқуқии байналмилалиро оид ба бешаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.
Дар Осиёи Марказӣ, UNHCR ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ оид ба шаҳрвандӣ ва дигар қонунгузориҳо бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад ва ҷонибдори он аст, ки Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба Туркманистон ва дигар давлатҳои аъзои СММ ба Конвенсияҳои соли 1954 оид ба бешаҳрвандӣ ва соли 1961 ҳамроҳ шаванд.
Дар чаҳорчӯби ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба UNHCR супориш додааст, ки дар чаҳор самти асосӣ фаъолият кунад: ошкор, пешгирӣ ва коҳиши бешаҳрвандӣ ва ҳифзи шахсони бешаҳрванд. Мо ба ҳукуматҳо барои ислоҳоти қонунҳо ва татбиқи сиёсатҳо ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани бешаҳрвандӣ, муайян ва ҳифзи шахсони бешаҳрванд ва ҷомеаҳои зери хатар тавассути ёрии ҳуқуқӣ, машварат ва дастгирии дигар кӯмаки техникӣ мерасонем.
Дар соли 2014 UNHCR маъракаи #IBelong-ро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи бешаҳрвандӣ ва даъват ба амалҳои глобалӣ ва ӯҳдадориҳои ҳукуматҳо барои хотима додан ба он оғоз намуд.
Маъракаи мазкур ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла, бовар кунонидани бисёр давлатҳои дигар барои ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияҳои солҳои 1954 ва 1961 ва даъвати онҳо барои васеъ кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, тартиби муайян кардани шахсони бешаҳрвандӣ ва сабти таваллуд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дастгирии UNHCR дар самти коҳиш ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар қаламравҳои худ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аввалин кишваре дар ҷаҳон гардид, ки ҳама ҳолатҳои маълуми бешаҳрвандиро дар қаламрави худ ҳал кард.
Эътилофи глобалӣ барои хотима додан ба бешаҳрвандӣ, ки бар пояи дастовардҳо ва суръатбахшии маъракаи #IBelong асос ёфтааст, моҳи октябри соли 2024 оғоз хоҳад шуд, то кишварҳоро барои таҳкими пешрафти солҳои охир, густариши ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба тағирот ҳавасманд кунад.
Ҳукуматҳо муайян мекунанд, ки кӣ дар ҳудуди кишвари онҳо ба шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад. Ин онҳоро барои ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки барои муборизаи муассир бо бешаҳрвандӣ заруранд, водор мекунад. Баъзе аз амалҳои асосие, ки давлатҳо бояд барои хотима додан ба бешаҳрвандӣ анҷом диҳанд, инҳоянд:
Инҳо аз ҷумлаи 10 амале мебошанд, ки дар Нақшаи Глобалии Фаъолияти UNHCR барои хотима додан ба бешаҳрвандӣ муайян шудаанд, ки заминаеро барои ҳалли сатҳи мавҷудаи бешаҳрвандӣ, пешгирии ҳодисаҳои нав ва беҳбуди шиносоӣ ва ҳифзи шахсоне ки бе шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд.
Эътилофи нави глобалӣ ин иқдомро пеш мебарад ва давлатҳо, созмонҳоро таҳти сарварии шахсони бешаҳрванд, оҷонсиҳои СММ ва дигаронро муттаҳид мекунад, то ба бешаҳрвандӣ хотима бахшад.
UNHCR дастгирии кӯшишҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба ҳарду Конвенсия дар бораи бешаҳрвандӣ, таҳия ва таҳкими расмиёти муайян кардани бешаҳрвандӣ ва мутобиқгардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии бешаҳрвандӣ идома медиҳад.
Share on Facebook Share on Twitter